Ақл аз мо канор кард ва бирафт

Гӯ бирав зонка дар миён ишқ аст

Ишқ бахшад ҳаёти ҷовидон

Ҳосили умри ҷовдон ишқ аст

Олам аз нур ишқ шуд равшан

Назарӣ кун ки ин ва он ишқ аст

Дили оқил ба ақл машғӯл аст

Мӯниси ҷони ошиқон ишқ аст

Хуш биҳиштӣаст маҷлиси Сайид

Дар чунин ҷаннатии чунон ишқ аст