Дарди дили дармони ҷон ошиқ аст

Ишқи дилбари ҷони ҷон ошиқ аст

Бесар ва сомон шудам дар ошиқӣ

Бесару сомони ҷон ошиқ аст

Мақдами хайли хаёлаш ҳар шабӣ

То ба рӯзи меҳмони ҷон ошиқ аст

Давлати васлаш ба ҳар дил кӣ расад

Ин саодати он ҷон ошиқ аст

Подшоҳи ақли даври андеши мо

Бандаи фармони ҷон ошиқ аст

Костаи хуршеду қурсу моҳи ишқ

Рӯзу шаб бар хон ҷонон ошиқ аст

Нақшбанди маънии ҷони ҷаҳон

Сӯрати айвони ҷон ошиқ аст

Ҷони Сайид аз аёни ҳолу дил

Ошиқи ҷонони ҷон ошиқ аст