Ринди сармасти фориғ албол аст

Беғам аз қолу эмин аз ҳол аст

Не ки мавҷӯд сониш хонанд

Бар алиф назд орифон дол аст

Сар фидо кун чаҳ қадар зар бошад

Хирқа чу буд ки мол помол аст

Хоҷагар роҳи майкада гум кард

Марди ҳодии нигар ки ӯ зол аст

Ҳарчӣ бар ақл мушкиласт эй ёр

Ҳалаш аз ишқи ҷӯгар ашкол аст

Ишқи машшотаи ист то доне

Балки соҳиби тамиз ва даллол аст

Ақли кул дар баёни Сайиди мо

Дами фурӯи бастаи гӯиё лол аст