Ҳар ки ҳалқа ба гӯш мардонаст

Назд мардони мард мард онаст

Ошиқоне ба ҷону дили доим

Дар тариқат рафиқ ёронаст

Ҳарчӣ байнам ба ишқи ҳазрат ӯ

Ҷон фидояш кунам ки ҷононст

Сунбули зулф ёр дод ба бод

Кори ҷамъӣ аз он парешонаст

Ҳамчуи ҷон дар канори худ гирам

Гарчи ӯ подшоҳ Кирмонаст

Ин чунин Подшаҳ ки май шинавӣ

Дар ҳама коинот султонаст

Неъмати аллоҳ ки ринд сармаст аст

Бандаи хос шоҳ мардонаст