Олам баданасту ишқ ҷон аст
Ҷонаст ки дар бадан равон аст
Ишқаст ки ошиқасту маъшӯқ
Ишқаст ки айни ин ва он аст
Ишқаст ки нури дидаи мост
Чун нур ба чашми мо аён аст
Бинишаста ба тахти дил чу шоҳӣ
Ишқаст ки Подшаҳ нишон аст
Ишқаст ки зиндаи дил аз онем
Ишқаст ки ҷон ҷовдон аст
Ошиқ чу ғулому ишқи султон
Ишқаст ки шоҳ ошиқон аст
Ишқаст ки ақл банда ӯст
Ишқаст ки Сайид замон аст