Ҷонаст ки дар бадан равонаст

Олам баданаст ва ишқ ҷонаст

Тани зинда ба ҷону ҷон ба ҷонон

Дарёб ки қавл ошиқонаст

Бо сӯрату мънӣӣ ки ӯ рост

Чаҳ ҷои маъонӣ ва баёнаст

Ишқаст ки ошиқону маъшӯқ

Ишқ ар дорӣ ҳамин ҳамонаст

Хуршед ба моҳ рӯ намӯда

Ҳар зарра ки бинӣ он чунонаст

Дар оинаи вуҷӯди олам

Он нур ба чашм мо аёнаст

Сайид шоҳасту бандаи банда

ӯ Сайид Подшаҳ нишонаст