Майхонаи сарой ошиқон аст
Худ хилват хос ошиқонаст
Олам баданасту ишқи ҷонон
Ҷонаст ки дар бадан равонаст
Ишқаст ки ошиқасту маъшӯқ
Дар мазҳаби ошиқон чунон аст
Бо сӯрату мънӣӣ ки ӯ рост
Чаҳ ҷои маъонӣ ва баён аст
Ҷомасту шаробу ринду соқӣ
Дар маҷлиси мо ҳамин ҳамон аст
Дар дидаи масти мо назар кун
Нурӣ ки ба чашми мо аён аст
Ин гавҳари назми неъмати аллоҳ
Аз баҳри муҳӣт бекарон аст