Олам баданаст ва ишқ ҷонаст

Ҷонаст ки дар бадан равонаст

Ишқаст ки ошиқасту маъшӯқ

Ишқаст ки айни ин ва онаст

Ишқаст ки нури дидаи мост

Чун нур ба чашм мо аёнаст

Бинишаста ба тахти дил чу шоҳӣ

Ишқаст ки Подшаҳ нишонаст

Ишқаст ки зиндаи дил аз онем

Ишқаст ки ҷон ҷовдонаст

Ошиқ чу ғулому ишқи султон

Ишқаст ки шоҳ ошиқонаст

Ишқаст ки ақл банда ӯст

Ишқаст ки Сайид замонаст