Ишқи ҷонони ҳаёти ҷон ман аст

Ҳосили умри ҷовдон ман аст

Маънии чори ҳарф ва ҳафт ҳайкал

Ҷамъу тафсили он баён ман аст

Нақди ганҷинаи ҳудусу қадам

Гавҳари баҳри бекарон ман аст

Айни оби ҳаёт доне чист

Оби сарчашмаи равон ман аст

Дар хароботи пери майхона

Толиби ринди навҷавон ман аст

Ном бигзор ва аз нишон бигузар

Бе нишони шӯ ки он нишон ман аст

Неъмат ӯст ҳар чаҳ мавҷӯд аст

Наамма аллоҳи ман аз он ман аст