Чашми мо равшан ба нур рӯй ӯст

Ҷони мо доим ба ҷуст ва ҷӯй ӯст

Булбули сармаст дар гулзори ишқ

Ҳарчӣ мегуяд бигуфт ва гӯй ӯст

Ҷинати ҷовид агар хоҳии биё

Пеш мо биншин ки ҷинат кӯй ӯст

Як сари мӯяш ба ҷонӣ кӣ даҳум

Ҳар ду олами қимати як мӯӣ ӯст

Офтобаст ӯу хубони ҳамчуи моҳ

Равшанӣ рӯй моҳ аз рӯй ӯст

Гуфта мастонаи мо гӯш кун

Нек бишинав гуфта некӯӣ ӯст

Холи ҳиндӯяши дили мо сайд кард

Сайиди мо банда ҳиндӯӣ ӯст