Чашми мо равшан ба нур рӯй ӯст

Ҳарчӣ бинад дӯстро бинад ба дӯст

Ошиқу маъшӯқи мо ҳар ду яке аст

То напиндорӣ ки ин риштаи дўтўст

Ҷуръаи ҷом май мо ҳар ки хӯрд

Чун муҳибони доимо дар ҷустуҷӯаст

Ишқ сармастасту фориғ аз ҳама

Ақл махмураст ва ҳам дар гуфтугӯаст

Бастаам нақши хаёлаш дар назар

Ҳарчӣ дида мешавад чашмам бар ӯст

Хирқа мешавем ба ҷом май мудом

Муддатӣ шуд то марои ин шаст ва шӯаст

Ҳар ки бинад неъмати аллоҳ бо ҳама

Бад набинад ҳарчӣ мебинад накӯаст