Дар ду олам худо якеаст якеаст
Молики ду саро якеаст якеаст
Бар дар кибриёии ҳазрат ӯ
Подшоҳ ва гадо якеаст якеаст
Оина дар ҷаҳон фаровон аст
Ҷоми гетӣ намо якеаст якеаст
Ду магӯу дўӣӣ ба ҷо магузор
Ту ягона биё якеаст якеаст
Мавҷу баҳр ва ҳубоб бисёранд
Он ҳама назд мо якеаст якеаст
Дардмандем ва дард ме нӯшем
Дарду дард ва даво якеаст якеаст
Неъмат аллоҳ якеаст дар олам
Сухан ошно якеаст якеаст