Дили мо бо забон яке аст якеаст
Ин чунин он чунон яке аст якеаст
Аз дўӣӣ бигузар ва яке май гӯ
Ҳосили ду ҷаҳон яке аст якеаст
Он яке дар канори гири хушӣ
Бо ҳама дар миён яке аст якеаст
Ишқу маъшӯқу ошиқ эй дарвеш
Дар дили ошиқон яке аст якеаст
Ҷону дилро ба ин ва он додем
Ғараз аз ин ва он якеаст якеаст
Дилбарон дар ҷаҳон фаровонанд
Сайид дилбарон якеаст якеаст