Мавҷу ҳубобу қатраи дарин баҳр мо якеаст

Нақшу ҳубоб гарчи ҳазоранд бо якеаст

Дармони дарди дил чаҳ кунам эй азизи ман

Аз дӯст мерасад ҳамаи дард ва даво якеаст

Моу шробхонаҳу риндони бодаи нӯш

Фориғи зи ду саро бар мо ду саро якеаст

Тимсоли садҳазор дар ойина рӯ намӯд

Дидеми он якеу ҳама назд мо якеаст

Гар ошнои хеши шӯй назд ошиқон

Маъшӯқу ишқу ошиқ ва он ошно якеаст

Чун ақл аҳваласт ду бинад ғариб нест

Бингар ба айни ишқ ки шоҳ ва гадо якеаст

Сайиди зи ҷӯади хеши вуҷӯдӣ ба банда дод

Мътӣ наамма аллоҳи мо ва ато якеаст