Оби ҷӯёии оби ин аҷаб аст
Сари обу сароби ин аҷаб аст
Мо ҳубобему айни мо об аст
Ҷоми айни шароби ин аҷаб аст
Гар касе маст шуд з май чаҳ аҷаб
Бодаи масти хароби ин аҷаб аст
Рӯзу шаб офтоб ме гардад
Дар паии офтоби ин аҷаб аст
Мавҷи гўӣии ҳиҷоб дарё шуд
Мо зи мо дар ҳиҷоби ин аҷаб аст
Нақши худро хаёл май бандам
То бубинам ба хоби ин аҷаб аст
Май хмхонаҳи ҳудусу қадам
Хӯрдаам бе ҳисоби ин аҷаб аст
Зоҳидӣ дидаем гӣлонӣ
Сахти масту хароби ин аҷаб аст
Ин чунин гуфтаҳои мастона
Хондаам бе китоби ин аҷаб аст
Толиби васли неъмати аллоҳам
Оби ҷӯёии оби ин аҷаб аст