Қатрау дарё ба назд мо яке аст

Гар назар бар оби дорӣ бишкӣ аст

Мавҷу баҳру қатра аз рӯй зуҳӯр

Гар тамизаш мекунӣ ҳам никкӣ аст

Зайду умру бикру холид ҳар чаҳор

Чор бошад назд мо эшон яке аст

Ақл агар гуяд хилофи ин сухан

Қавл ӯ машну ки аблаҳ мардакӣ аст

Ҳафт дарё бо муҳӣти ишқи мо

Ҷуръа обасту онҳам андакӣ аст

Подшоҳӣ омаду чандини сиёҳ

Худ яке бошад сипоҳ ӯ яке аст

Мазҳари бандаи яке Сайид буд

Он яке дарвеш ва он хонӣ яке аст