Дар ин дар ба ҷузи мо ошно нест
Ба назд ошнои худ айн мо нест
Гумон каҷ мабар бишинав зи аттор
Ки ҳар кӯ дар худо гум шуд ҷудо нест
На қурбаст ва на баъди онҷо ки моӣим
Магӯ онҷои куҷои онҷо куҷо нест
Ҳубобу мавҷу дарё ҳар се обанд
Ҷдоинд аз ҳам ва аз ҳам ҷудо нест
Фанои шӯ аз фано ва аз бақои ҳам
Фақиронро фано ва ҳам бақо нест
Ҳарифи дарди нӯш ва дардмандем
Аз ин хуштар дили моро даво нест
Вуҷӯди ин ва он нақш хаёласт
Ҳақиқати ҷузи вуҷӯд кибриё нест
Агар гўӣӣ ҳама ҳақаст ҳақаст
Вагар халқаши ҳамеи хуоне хато нест
Чу Сайид нест шӯ аз ҳаст ва аз нест
Чу ту худ нестӣ ҳастӣ туро нест