Шак ба адам нест ки ӯ ҳеҷ нест

Шак ба вуҷӯдаст ва ҳам ӯ ҳеҷ нест

Нест гумонам ки ҷуз ӯ ҳеҷ нест

Ҳаст яқинам ки ҷуз ӯ ҳеҷ нест

Маънии ҳў бо ту бигӯям ки чист

ӯст дигар ин ман ва ту ҳеҷ нест

Як суханӣ бишинав ва икрнг бош

Қавли яке гуфтан ва ду ҳеҷ нест

Мо ва маниро бигзор эй азиз

Каз ман ва мо як сари мӯ ҳеҷ нест

Ғайри худои ҳеҷ буд ҳеҷ ҳеҷ

Ҳеҷ нае ҳеҷ мҷу ҳеҷ нест

Нӯш кун ва бош хамӯш ва бирав

Ҳеҷ магӯ гуфт ва магӯ ҳеҷ нест

Хам майовар чаҳ кунам ҷом ро

Маст ва харобему сабу ҳеҷ нест

Ошиқи Сайиди шӯу маъшӯқ ӯ

Бош бкии рӯ ки дурӯ ҳеҷ нест