Дил надорад ҳар ки ӯро дард нест

Вонкаҳи худ дардӣ надорад мард нест

Назд бедардон магӯ зинҳор дард

Душманаст он дӯсти кӯ ҳамдард нест

Бо лабу рухсору чашми масти ёр

Ҳоҷати нақлу шароб ва дард нест

Дар ҳавои офтоб рӯй ӯ

Дар ба дар гаштем аз вай гирд нест

Дард бе дармони моро аз яқин

Ғайри Сайиди дайгарӣ дар хӯрд нест