ӯ бо ту , туро аз ӯ хабар нест
Ҷузи айни яке , яке дигар нест
Нақшӣ ки хаёл ғайр дорад
Соҳибназараш бар он назар нест
Чун сӯрати дӯсти маънии мост
Бас муътабараст ва мухтасар нест
Дар баҳри гуҳар буд валикин
Чун дар ятеми мо гуҳар нест
Дар кӯчаи мо биё ва биншин
Зон кӯчаи Марв ки раҳ ба дар нест
Мо хирқаи хеш пок шастем
Аз ҳастӣ мо бар ӯ асар нест
Хайр албшраст Сайиди мо
Гӯйанд башар вале башар нест