Дар ҳақиқати ишқро худ ном нест

Май ки май нӯшад чу онҷо ҷом нест

Кӣ биёбад неки номӣ дар ҷаҳон

Ҳар ки ӯ дар ошиқӣ бадном нест

Мурғи дили симурғи қофи маърифат

Ҷузи сари зулфи бутонаш дом нест

Сӯхтагон донанд ва эшон гуфта анд

Пухта донад кин сухан бо хом нест

Субҳдам мегуфт сармастӣ ба ман

Бомдоди ошиқонро шом нест

Дар хароботи Муғони мисатон басӣ аст

Ҳамчуи ман мастӣ дар ин айём нест

Неъмати аллоҳ ҷом мебахшад мудом

Хуштар аз анъом ӯ анъом нест