Андари ин дили ғайр дилбар ҳаст нест

Ҳеҷ аз ин майхона хуштар ҳаст нест

Маҷлис ишқаст ва мо масту хароб

Ҷои махмур эй бародар ҳаст нест

Бар сари дор фано бинишаста ем

Ин чунин сардор ва сарвар ҳаст нест

Ишқ султонасту малик дил гирифт

Мисли ӯ дар баҳр ва дар бар ҳаст нест

Ғайри он яктоӣ беҳамто дигар

Бар сарири ҳафт кишвар ҳаст нест

Ин чунин қавли хуши мастона Эй

Бозгу дар ҳеҷ дафтар ҳаст нест

Сайиди мо соқии сармасти мост

Ҳамчу ӯ соқӣ дигар ҳаст нест