Илми мо дар китоб натавон ёфт

Сари об аз шароб натавон ёфт

Дар хаёлаш ба хоб рафтӣ боз

Васл ӯро ба хоб натавон ёфт

Ринди ҳаргиз ба ҳалқа наравад

Дар чунон ҷо шароб натавон ёфт

Ҳамаи олам чу зарра ӯ хуршед

Зарра беофтоб натавон ёфт

Ин чунин дилбарӣ ки мо дорем

Дар ҷаҳон беҳиҷоб натавон ёфт

Дар хароботи ҳамчуи Сайиди мо

Ринду маст ва хароб натавон ёфт