Илми мо дар китоб натавон ёфт

Сари об аз шароб натавон ёфт

Беҳиҷобаст ва халқ ме гӯйанд

Ҳазраташ беҳиҷоб натавон ёфт

Чашми мо баҳр дар назар дорад

Ба азин баҳр ва об натавон ёфт

Мо ба шаб офтоб ме байнем

Гарчи шаб офтоб натавон ёфт

Ганҷи ишқаш ҳисоб натавон кард

Беҳисобаш ҳисоб натавон ёфт

Бигузар аз нақш ва аз хаёл мапурс

Ки хаёлаш ба хоб натавон ёфт

Дар хароботи ҳамчуи Сайиди мо

Ринду маст ва хароб натавон ёфт