Бе сабаби васл ёр натавон ёфт

Ба хаёлӣ нигор натавон ёфт

Аз миён то канора накунӣ

Он миён дар канор натавон ёфт

Бе зимистони сарду оташу дӯд

Лиззатӣ аз баҳор натавон ёфт

Май хмхонаҳ дар сарои ҳудус

Ҷуръа бехумор натавон ёфт

То нагардӣ муқарраби султон

Бар дар шоҳ бор натавон ёфт

Ҳамчуи Сайиди ҳарифи сармастӣ

Андари ин рӯзгор натавон ёфт