Бе дарди дил эй дӯсти даворо натавон ёфт

Бе ранҷи фанои ганҷи бақоро натавон ёфт

То ошиқу риндона ба майхонаи нёӣӣ

Риндони саропардаи моро натавон ёфт

То нест нагардӣ ту аз ин ҳастӣ мавҳум

Худро нашиносӣу худоро натавон ёфт

Ойинаи дил то набӯд равшану софӣ

Ҳасанӣ натавон диду сафоро натавон ёфт

Хуши об ва ҳавойӣаст майу кӯии харобот

Худ хуштар аз ин обу ҳаворо натавон ёфт

Дарвеш ва фақирем ва азин ваҷҳ ғанӣ ем

Бефақр , яқини дон ки Ганаро натавон ёфт

Чашмӣ ки нашуд равшан аз ин дидаи Сайид

Бино набӯд нури лақоро натавон ёфт