Ёр мо рафт гўиё ҷон рафт
Ҷон чаҳ қадараш буд ки ҷонон рафт
Умри мо буд рафт чаҳ тавон кард
Дар паии умр рафта натавон рафт
Ҳар ки бо мо дамӣ нашуд ҳамдам
Дами охир ки шуд парешон рафт
Ринди мастии зи базми мо кам шуд
Гўиё дар пай ҳарифон рафт
Буд ҳалоли мушкилоти ҳама
Лоҷарам чун бирафт осон рафт
Нур чашмаст дар назар пайдост
Гарчи аз чашми халқ пинҳон рафт
Неъмати аллоҳи ҷон ба ҷонон дод
Ошиқона ба базм султон рафт