Ошиқии ҷонро ба ҷонон дод ва рафт
Монад ин дунёӣ бебунёд ва рафт
Дар хароботи Муғони масту хароб
Сар ба пой хам мебиниҳод ва рафт
Қатраи обӣ ба дарё дар фитод
Чун тавон кардан чунин афтод ва рафт
Шоҳбозӣ буд дар банди вуҷӯд
Бандро аз пой худ биниҳод ва рафт
Зинда ҷовид шуд он зиндаи дил
То нгўӣӣ мурда шуд бар бод ва рафт
Суръати эҷоду эъдом вай аст
Дар замонии моҳрўӣии зод ва рафт
Банда будам , бандагӣ кардам мудом
Сайид омад банда шуд озод ва рафт