Неъмати аллоҳи ҷон ба ҷонон дод ва рафт

Бар дар майхона маст афтод ва рафт

Офтобаш аз қамари бастаи ниқоб

Он ниқоб аз рӯй худ бикшод ва рафт

Буд устодӣ ба шогирдони басӣ

Кард шогирдони ҳамаи устод ва рафт

Дар хароботи Муғони масту хароб

Сар ба пой хам мебиниҳод ва рафт

ӯ Халифа буд дар Бағдоди тан

Рахтро барбаст аз Бағдод ва рафт

Орифона дар ҷаҳони сад сол буд

Не чу ғофил дод ҷон бар бод ва рафт

Сайиди мо буд зоҳир шуд ниҳон

Бандагонро ҷумла кард озод ва рафт