Хуши чашма обӣаст равон дар назари мо

Сероб шудаи хок дар аз раҳгузари мо

Мо об ҳаётем равонем ба ҳар сӯ

Сарсабзии боғ Хизраст дар назари мо

Майхонаи мо қибла ҳоҷот ҷаҳонаст

Шояд ки ҷаҳонӣ ба сар ояд ба дар мо

Нурӣаст ки дар дидаи мардум шудаи пинҳон

Равшан битавон дид вале дар назари мо

Мастем ва надорем хабар аз ҳамаи олам

Инаст хабар ҳар ки бипурсад хабари мо

Дар оинаи дидаи Сайид назарӣ кун

То бози намояд ба ту равшани басари мо