Офтоби Рахш ҷаҳон бигирифт

Меҳри рӯйиши ҷаҳон ҷон бигирифт

Мавҷ зад баҳри ишқ ва аз мавҷаш

Оби ҳайвони ҷаҳон равон бигирифт

Сӯрати ишқ ошкоро шуд

Рӯй маънӣ аз он нишон бигирифт

Оина чун хаёл ӯ бинмуд

Ба хаёлаши хаёл аз он бигирифт

Оташи шамъи ишқи рухсораш

Ҷони парвона ҷаҳон бигирифт

Дили зи ҷони сар ба пои ишқи афканд

Домани шоҳ меҳрбон бигирифт

Айн ишқаст ҷони Сайид аз он

Айн ӯ олам аён бигирифт