Ишқро масҷиду майхона яке аст

Ишқро оқилу девона яке аст

Ишқи ҷонони худу ҷон худ аст

Ишқро дилбару ҷонона яке аст

Ишқро оташ дилсӯзӣ ҳаст

Назд ӯ хирман ва як дона яке аст