Биё эй ёр ва бар ағёр ме ханд

Бануш ин ҷом ва бо хумор ме ханд

Яке имон гузиду дайгарии куфр

Ту муъмин бош ва бо куффор ме ханд

Яке бо ту нъм гуяд яке ло

Ту бо иқрор ва бо инкор ме ханд

Чу дунё нест мأўои ҳукӯмат

Дило бар риш дунёдор ме ханд

Забон барбанд ва хомаш бош дар ишқ

Машав безор ва бар озод ме ханд

Биё чун неъмати аллоҳи нозири ҳақ

Бибин дидор ва бар дидор ме ханд