Ошиқоне ки дар ҷаҳон бошанд

Ҳамчуи ҷон дар бадан равон бошанд

Майу ҷоманди ҳамчуи обу ҳубоб

Мавҷу дарёи ҳамин ҳамон бошанд

Хуши канорӣ гирифтаанд зи ағёр

Гарчи бо ёр дар миён бошанд

Аз ҳамаи Подшаҳ нишон доранд

Бенишоне аз он нишон бошанд

Халқу ҳақро ба завқ дарёбанд

Воқиф аз сари ин ва он бошанд

Неъмати аллоҳро ба даст овар

То бадоне ки ончунон бошанд