Ҳар ки рухсор ту бинад ба гулистон наравад

Ҳар ки дард ту кашад аз пай дармон наравад

Онкӣ дар хонаи дамӣ бо ту ба хилват бинишаст

Ба тамошои гулу лола ва райҳон наравад

Хизр агар лаъли равони бахши туро дарёбад

Бори дигар ба лаби чашма ҳайвон наравад

Гар на умеди лақои ту буд дар ҷинат

Ҳеҷ ошиқ ба сӯии равза ризвон наравад

Мард бояд ки з шамшер нигараданд рӯй

Гар на аз хонаи ҳамон ба ки ба майдон наравад

Ҳавасам буд ки дар кеши ғамат кушта шавам

Лекини ин лоша заъифаст ва ба қурбон наравад

Дар азал бар дили мо ишқи ту доғӣ биниҳод

Ки ғамаш то ба абад аз дил бирён наравад

Чанд гуфтӣ ба ҳавас аз паии дил чанд рӯй

Ошиқи длшдаҳ чун аз пай ҷонон наравад

Неъмати аллоҳи зи алтоф ту гуяд суханӣ

Ошиқ онаст ки ҷуз дар пай ҷонон наравад