Дар раҳмати худо ба мо багушӯд
Ин чунин дар худо ба мо багушӯд
Дар ганҷинаи ҳудусу қадам
Ба гадоён бенаво багушӯд
Нақди ганҷинаро ба мо бинмуд
Чашми моро ба айн мо багушӯд
Дар ба бегонагон агар дар баст
Ҳамаи дарҳо ба ошно багушӯд
Гар дар савмиъа бибаст чаҳ шуд
Дар майхона ҳолиё багушӯд
Бурқаъи коинотро бардошт
Ин муаммои мо ба мо багушӯд
Мушкилотӣ ки буд ҳалво кард
Чашми моро ба он лақо багушӯд
Ҷони мо буд бастаи олам
Карамӣ карду бандаро багушӯд
Ин анояти нигар ки Сайиди мо
Дар ба ин банда гадо багушӯд