Давлатии хуши худо ба мо бахшед

Ҷоми гетии намо ба мо бахшед

Карами подшоҳ мо бингар

Подшоҳӣ ба ин гадо бахшед

Ганҷи асмо ба мо ато фармуд

Гар ба асҳоби ду саро бахшед

Мо аз ӯ ғайр аз ӯ наме ҷустем

Ошно ёфт хешро бахшед

Дарди дардаш ба завқ нӯшедем

Лоҷарами ин чунин даво бахшед

Чун ки Сайиди шафиъ худ кардем

Неъмати аллоҳро ба мо бахшед