Ҷон бе ҷонони тан беҷон буд

Хуш набошад ҷон ки беҷонон буд

Кунҷи дили ганҷинаи ишқ вай аст

Ончунон ганҷӣ дар ин вайрон буд

Чашми мо бастаи хаёлаш дар назар

Равшании дидаи мо он буд

Офтобаст ӯу олами сояи бон

Ин чунин пайдои чунон пинҳон буд

Дил ба дарёи даҳ биё бо мо нишин

Зонка ӣнҷои баҳр бепоён буд

Ду намояди сӯрату маънӣ яке аст

Мавҷу дарё назд мо яксон буд

Неъмати аллоҳ дар хароботи Муғон

Дидам ӯ соқии сармастон буд