Нақли мо чун нақди сармастон буд

Дар ҳамаи олам аз он дастон буд

Дасти моу доман ӯ баъд аз ин

Хуш буд дастӣ каз он дастон буд

Равзаи мо ҷинати пари ҳурён

Бӯстони шайх дар моҳон буд

Чашми мо то дид оби рӯ аз он

Дар назари дарёӣ бепоён буд

Ҳар ки бошад орифи зоту сифот

Шояд ар гўӣӣ ки ӯ инсон буд

Ошиқ ӯ зинда бошад то абад

Ҷони ошиқи зинда аз ҷонон буд

Гар харобаст хонаи мо бок нест

Ҷои ганҷаш дар дили вайрон буд

Ҳар ки ояд дар назар эй нури чашм

Он намегӯям валикини он буд

Дар хароботи фано хуш сокинем

Неъмати аллоҳи мейри сармастон буд