Дил ки бедилбар буд беҷон буд
Хуш буд ҷонӣ ки бо ҷонон буд
Нур ӯ дар дидаи мо рӯ намӯд
Гарчи аз чашми шумо пинҳон буд
Кунҷи дили ганҷина ишқ вайаст
Ҷои ганҷаш дар дили вайрон буд
Ҳар ки дид ойинаи гетии намо
Бар ҷамоли хештани ҳайрон буд
Завқи мо аз ақл мепурсӣ мапурс
Ин касе донад ки ӯро он буд
Кушта ӯ зинда ҷовид шуд
Пеш ӯ мурдани марои осон буд
Неъмати аллоҳ дар хароботи Муғон
Соқии сармаст май навашон буд