Нисбат хирқаам аз пери харобот буд
Ба аз ин нисбати хирқаи зи маҳолот буд
Ин чунин пери мурӣдӣ ва чунон майхона
Бодаи нӯшидани ман айни ибодот буд
Ишқ май бозаму хотир ба худо машғӯл аст
Мехӯрам бодау ҷонам ба муноҷот буд
Номурод аз дар мо боз нигардида касе
Дар майхонаи мо қиблаи ҳоҷот буд
Зоҳид ар ҷинати фирдавс ба ҷон ме ҷӯяд
Ҷинати ошиқи сармасти харобот буд
Суханӣ аз дилу дилдор бҷон ме гӯям
Суханам аз сар сидқасту каромот буд
Перу сари ҳалқаи мо Сайиди базм ишқ аст
Қадар ҳар кас ба камолоту мақолот буд