Машраби тавҳиди ёрони хуш буд
Ринди масту завқи мисатони хуш буд
Булбул мастем дар гулзори ишқ
Савти булбул дар гулистони хуш буд
Хуш буд дардӣ ки ӯ дармони мост
Дарди дил май ҷӯ ки нолони хуш буд
Дар хароботи Муғони масту хароб
Соқии мо бо ҳарифони хуш буд
Ҷом дар давраст дар даври қамар
Гар ба ту даврӣ расад он хуш буд
Ёфтам ганҷинау ганҷии тамом
намекунам эсори риндони хуш буд
Неъмати аллоҳ ӯ ба мо эсор кард
Ин чунин анъоми султони хуш буд