Ҳақаст дайни Сайиду дайни ман ин буд
Бурҳон возеҳасту далели мубин буд
Гуфтам ки ман ҳаминаму маъшӯқи ман ҳамон
Дидам ки ӯст онкии ҳамон ва ҳамин буд
Он нури осмон ва заминаст ва назд мо
Рӯҳи ту осмону тани ту замин буд
Дар зарраи офтоб ҷамолаш намӯда рӯ
Бинад касе ки дида ӯ хрдбин буд
Ойина худост дили поки равшанам
Зон рӯ буд ки лоиқи ин офарин буд
Ҳақро ба халқ ҳар ки шиносад на ориф аст
Ҳақро ба ҳақи шинос ки орифи ҳамин буд
Ҳар сӯратӣ ки нақш кунам дар замири хеш
Нақши хаёли сӯрати наққоши чин буд
Нақди хазина маликаст ин амонатам
Бспормш ба даст касе кӯи амин буд
Валлоҳ ба ҷони Сайиди мисатон ки ҳамдамам
Ҷом майаст то назари вопасин буд