Дили сӯии соҳиб ҷамолӣ ме кашад

Ҳар замони нақш хаёлӣ ме кашад

Ҳар нафас бар лавҳи ҷонами сӯратӣ

Аз мисол бемисолӣ ме кашад

намекашад моро муҳаввали сӯ ба сӯ

Ҳар дам аз ҳоле ба ҳоле ме кашад

Ғам куҷо гардад ба гирди он дилӣ

Каз ҳавоӣ ӯ малолӣ ме кашад

Ақли ноқис кӣ кашад моро чу мо

Ишқи ёрӣ бар камолӣ ме кашад

Гар ба майхона кашад риндии ту ро

Хуш бирав некӯ хисолӣ ме кашад

Сайидами соқӣу ҷони ман ҳариф

Дам ба дами ҷом зулолӣ ме кашад