Аз аҳади Аҳмад ошкоро шуд
Ҳам ба Аҳмади аҳад ҳувайдо шуд
Дар шаҳодати аҳад камар барбаст
Мем Аҳмади зи ғайб пайдо шуд
Он яке дар адад зуҳӯрӣ кард
Сад адад аз яке муҳайё шуд
Қатрау баҳру ҷӯ ҳама обанд
Мо нгўӣими қатра дарё шуд
Мавҷ баҳрему айни мо об аст
Натавон гуфт мо ки аз мо шуд
Офтоби вуҷӯд рӯ бинмуд
Зарраи коинот дар во шуд
Омад ва шуд ҳқиқто худ нест
Ба муҷозаст комд ва ё шуд
Хам май хуши хушӣ ба ҷӯш омад
Рози сари баста ошкоро шуд
Неъмати аллоҳи пардаро бардошт
Мушкилотӣ ки буд ҳали вошд