Сунбули зулф ӯ парешон шуд

Ҳоли ҷамъии накӯ парешон шуд

Бод бо зулф ӯ дамӣ дам зад

Зулф ӯ ҳам бар ӯ парешон шуд

Ҷамъ будем аз парешоне

Ҷамъи мо мӯ ба мӯ парешон шуд

Гуфту гӯ дар миён мо омад

Қисса аз гуфтугӯ парешон шуд

Он чунон ҷамъ ва ин чунин ҷамъӣ

Ман надонам ки чун парешон шуд

Зулф ӯ маҷмаъи дили мо буд

Гарчи аз мо ва ту парешон шуд

Неъмати аллоҳ ба ишқи зулф нигор

Омаду сӯ ба сӯ парешон шуд