Булбули ҷон чу сокин тан шуд

Маҷлиси коинот гулшан шуд

Офтоби вуҷуб рӯ бинмуд

Шаби имкон чун рӯз равшан шуд

Ганҷи асмои нисор мо фармуд

Нақд ҳар як аз он муайян шуд

Буд пайдо вале ниҳон аз мо

Омад ӣнҷо ба мо мубин шуд

Айни аввали зуҳӯр чун фармуд

Возеҳу лоӣҳ ва мубарҳан шуд

Ҷоми гетии намо чу сайқал ёфт

Ҳасан омад ба ҳасан ва аҳсан шуд

Неъмати аллоҳи ҷамолро бинмуд

Нур ӯ нури дида ман шуд