Оқибати Сайиди мо сӯй Муғон хоҳад шуд

Ба саропардаи майхона равон хоҳад шуд

Гар бигӯянд ки фармоу биёи мастона

Занад ангушти хушии рақс кунон хоҳад шуд

Офтобӣаст ки аз машриқи ҷон май тобад

Гарчи аз дидаи мо боз ниҳон хоҳад шуд

Ҳамаи олам чу буд оинаи ҳазрат ӯ

Дар ҳамаи оина бар худ нигарон хоҳад шуд

Айни мо об ҳаётаст ва ҳубобаш хонанд

Зуди бенанд ки беном ва нишон хоҳад шуд

Ҷом меомад ва оварад паёми соқӣ

Ки дамии ҳамдами мо шӯ ки чунон хоҳад шуд

Суҳбати Сайиди сармасти ғанимат май дон

Ки дар ин як ду се рӯзии з ҷаҳон хоҳад шуд