Баҳри ишқашро карон пайдо нашуд
Восили дарёӣ ӯ ҷуз мо нашуд
Дар сробстони мисатони раҳи набард
Ҳар ки чун мо сӯ ба сӯ ҷӯё нашуд
Дидаи мо то назар аз вай наёфт
Чашми нобӣнои мо бино нашуд
Ҷони мо то мубталоӣ ӯ нагашт
Кори дил дар ошиқӣ воло нашуд
Сарфарозӣ дар миён мо наёфт
Ҳар киро сар дар сар савдо нашуд
Дар ҳарими ишқи ошиқи паии набард
Дар раҳи маъшӯқ то пӯё нашуд
Ҳар парешон кӯ нашуд аз ҷамъи мо
Давлати пинҳоняш пайдо нашуд
Ҳар ки омад сӯии мо сармаст рафт
Ҳечкас ташна аз ин дарё нашуд
То ҳадис ъшқбозӣ гуфта анд
Ҳамчуи Сайиди дайгарӣ гуё нашуд