Ба ҷузи майхонаи ҷой мо набошад
Ҳавойӣ чун ҳавоӣ мо набошад
Биёи дардии дардаш нӯш мекун
Ки хуштар зини давоӣ мо набошад
Наёбади подшоҳӣ ё вилоят
Агар султони гадоӣ мо набошад
Бақоӣ ҷовдон дорем аз ишқ
Ғами мо аз фаноӣ мо набошад
Ба сидқи дил ба ҷонон ҷон супурдем
Ба ғайр ӯ ҷазоӣ мо набошад
Худоӣ ҳар ду олами ҷуз яке нест
Яке дигари худоӣ мо набошад
Ба ҷузи анъоми оми неъмати аллоҳ
Навой бе навой мо набошад